БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

14 Сентябр 2018

Вохӯрии судманди вакил бо интихобкунандагон дар сатҳи маҳал

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Дастгираки поёни ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли  тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Тоҷикистон сарзамини пурганҷ

Ш.ШОҲИН. Бо мазмуни Тоҷикистон-Ватани обҳои мусаффо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Раҳмонобод бо сокинон,  ҷавонон ва фаъолони ҳизб  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти суҳбат доир намуданд.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба сокинон писанд омад

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқнамудаи вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хизматрасон»-и “Бонки Эсхата” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия  хониши сиёсӣ доир гардид.

Ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани онҳо ба иҷрои корҳои хайру сахо

Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия Содиқова Меҳрубон ва Сулаймонова Лола бо сокинони маҳаллаи ба номи Саидови ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи гузаштаи пурифтихори миллат

Ҷайҳун. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳраки Дӯстӣ чорабинии фарҳангӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ва сокинони маҳаллаи болозикр дои

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба манфиати халқ аст

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Тошрободи ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сияҳаков Рӯзимат чорабинии на

Пешрафту тараққиёти ҷомеа дар меҳвари барномаҳои ҲХДТ

ХУРОСОН.  Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва раиси деҳаи Меҳнатобод Абдуллоев Абдулмӯъмин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шавқу завқи ҳунармандонро дучанд намуд

 ҲАМАДОНӢ.   Бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов бо фаъолону собиқадорон ва ҳунармандони деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳар, ки хандонад ятими хастаро…

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ятимони кулл, фарзандон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз аҳволи оилаи Ниёзова Дилором, ки фарзандаш Ҷамшед Ниёзов  маъюби гурӯҳи якум

Бо меҳнати содиқонаву самаранок амнияти озуқавории Ватанро таъмин месозем

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ»-и  ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар чорабиниҳои фарҳангию – сиёсии ҷавонон фаъол буданд

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  «Зебониссо»-и деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Ватан чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” амали шуда истодааст

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ «Мактаб-даргоҳи маърифат» ва «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳалли пураи  худро ёфта истодааст.

Китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» - роҳнамои фаъолияти ҳизбиён

ПАНҶ.  Бо ташаббуси   масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи заминсозии ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Заминсозӣ”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тақозои замон аст

НОРАК. Дар муассисаи давлатии Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаҳри Норак бо омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ  вохӯрї доир гардид. 

ҲХДТ – муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангӣ дар Тоҷикистон

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Тихорои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ  доир гардид.

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд…

А.ҶОМӢ. Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд ва роҳбарони мақомотҳои қудратӣ бо ҷалби  вакилони маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳалла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, алалхусус ҷавонон вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар амал татбиқ мегарданд

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» хониши сиёсӣ доир гардид.

Кӯмак ва дастгирии оилаҳои ниёзманд аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ мебошад

КУШОНИЁН. Фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро   сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, мекушанд мувофиқи имконият ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, маъбону бепарасторон, шахсони  барҷонмонда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ятимон  иқдомҳои неки ватандӯстонаи худро анҷом диҳанд.

Солимии миллат кафолати фардои дурахшони мост

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Истиқлолият шараф ва номуси миллат аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Равонпизишкӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ҳибзӣ М.Қамаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Садоқат ба Ватан мароми мо ҷавонони саодатманди диёр аст

ЁВОН. Таҳти ҳамин унвон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.

Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз маҳал сарчашма мегирад

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Ҳунарҳои мардумӣ-таҷассумгари фарҳанги миллӣ мебошанд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати ба номи М.Вайсови деҳаи Чорбоғ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, мутахассиси шуъбаи ташкилию баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат, раиси ҷамоат Файзов Исо, вакили маҳаллаи мазкур Назаров Шароф, раиси занони маҳалла Гиёева Гуландом ва сокинони деҳа бахшида ба С

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии   «Марказӣ»-и  ҷамоати шаҳраки  Вахш  бо сокинони маҳалла доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,   моҳияти қонунҳои миллӣ  ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷавонон муҳаррики бузург ва қувваи пешбарандаи ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омори вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр...

ВОКУНИШ. Имрӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма мехонем, ки хоинони миллат – наҳзатиёне, ки аз ҷазо гурехта дар Аврупо паноҳ мебаранд, нисбати сарварони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлату миллати тоҷик суханони тӯҳматомезро  паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд нуфӯзи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд

АНДЕША. Таҷрибаи башари собит месозад, ки  ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату  давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану   сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи бегонагон борҳо қарор гирифта буд. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан  тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан  то имрӯз нигоҳ дорад.

Иттиҳоди «Паймони сагҳои лаъин ва ё косалесони парешон»

ВОКУНИШ. Барои мондани як номи мувоффиқ ба мақолаи навиштаам соатҳо андеша кардам, ки чи номе гузорам, ки ба ин «Ватандӯстони сарсупурда» шоиста бошад. Ин Анҷуманороёну иттиҳодсозонро саг гуфтан хатто аст, зеро саг аз инҳо дида вафодортар аст ва ҳеҷ гоҳ ба соҳиби худ хиёнат намекунад. Ин иттиҳодсозон косалесонеро мемонанд, ки барои адои пулҳои хурдаашон қодиранд ба ҳар кори паст даст зананд.

АМАЛҲОИ ПАЙДАРПАЙ ВА МАНТИҚАН ХАТОИ СИЁСИИ ТЭТ ҲНИ ВА ҲАМАСЛАКОНАШ ДАР ВАРШАВАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин  ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад.

Дасисабозиҳои муғризонаи наҳзатиён бо чи мақсад амали мешаванд???

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки  мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим пешрафти зиндагиро  бо ақлу заковат, донишу фаросат, фарҳангу маданият таъмин мекунанд, на бо ҷаҳолату тиру туфанг ва ё дасисаандозӣ мисли аъзоёни ҲНИ. Албатта мусалам аст, ки ҲНИ аз рӯзҳои авали фаъолияташ маълум буд, ки мақсади нопок ва маккорона дорад, ки аз номаш пайдост.

Кабири худро бо домони дигарон пок кардан мехоҳад, ки корест аҳмақиву разилӣ!

ВОКУНИШ. Аз нишасти САХА, ки тариқи расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд, боз ҳамон чоргонаи манфиатхоҳ бо далолии Мухидин Кабирӣ домани нопоки худро дар гиребони дигарон пок кардан мехоҳанд. Барои мисол иқтибос аз харзагӯиҳои Мухидин Кабирӣ: «Мо ба ин назарем, забони шантажу таҳдид, ки тавассути он ҳукумати Тоҷикистон бо мардуми худаш (шумо Кабирӣ аз кадом мардумед?

«Паймони миллии Тоҷикистон» ё тори танидаи анкабутон

ВОКУНИШ. Ахиран, дар оғози ҷаласаи ҳуқуқи башари  Созмони Амнияту  Ҳамкории  Аврупо дар Варшава мухолифони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо  мақсади ҳамраъйӣ аз мавқеи сиёсӣ бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» -ро дар ҳайати 15 нафар узви асолатбохта  созмон доданд, ки бо ин васила  ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешон, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд, инчунин анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна  бо ғаразҳои манқуртонаи сиёсӣ  ба орази

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст

ВОКУНИШ. Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сари мардуми мо душвориҳои зиёде бор гардид. Гирдиҳамоии бардавом ва ахиран сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро аз мероси Давлати Шуравӣ ки ҳаққи ҳалоли давлат ва миллати мо буд, маҳрум сохт. Касе намедонист, ки сабабгори ин ҷангу ҷанҷол кист, дар пайи он чӣ мақсаде ниҳон аст.

Масхарабозиҳои навбатии Кабирӣ дар Варшава фош гардиданд

ВОКУНИШ. Тибқи наворҳои пахшшудаи  интернетӣ боз аз як аблаҳӣ ва масхарабозии сиёсии Кабирӣ дар Варшава  харабдор шудем. Ин палидаки сиёсӣ  бо афкори ҳаромаш  дар яке аз  ҷаласаҳои  САҲА дар Варшава  ҳамроҳи чанд думраваконаш бар зидди Тоҷикистони озод, ки имрӯз хеле зебо  ва соҳибистиқлол «загавор» ташкил карда будааст.

Муҳиддин Кабирӣ ҳар як амали хоинонаи ту мавриди танқид аст!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои навор ва огоҳи пайдо намудан аз ҷаласаи ОБСЕ дар Варшава, ки дар охир байни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаи ташкилоти экстремисти террористии Ҳизби наҳзати ислом низоъ ва занозани ба амал меояд, дар ҳавзаи интихоботии № 31 ба интихобкунандагонам вохӯрда, онҳоро аз ин ҳодиса огоҳ намудам ва фикрашонро дар бораи рафтори намояндагони Тоҷикистон пурсидам.

Дар рӯ ба рӯи хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ хомӯш истодан гуноҳ аст.

ВОКУНИШ. Душман барои бадном намудани рақиби худ аз одитарин имконият истифода менамояд. Агар далели бардурӯғ наёфт ба думи сагат эрод мегирад, ки он каҷ аст.

ПАРДА АЗ РӮИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТА ШУД

ВОКУНИШ. Истиқлолият ин неъмати бузурге ҳаст, ки баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

ВОҚЕИЯТ ВА ҲАҚИҚАТ БА ҲАМА МАЪЛУМ ШУД

ВОКУНИШ. Воқеият ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд, ки ТЭТ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Амалҳои зишти онҳо  имрӯз ба ҷомеаи байналхалқӣ низ ошкор гардид.

Барои аъзои ТЭТ ҲНИ ва гуруҳчаҳои ҳаммаслакаш арзишҳои миллӣ қимате надоранд, аз ин огоҳ бояд буд!!!

ВОКУНИШ. Ватан, Модар, Миллат  ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки  таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфаҳангии   ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муарифӣ менамояд.

Деги сиёҳ ба шустан сафед намешавад.

ВОКУНИШ. Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, ки чанде пеш саркардагони ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов, ки дар Аврупо панаҳ мебаранд, дар ҷаласаи ОБСЕ дар Варшава байни худ аз номи Ҳизби наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки ба он номҳои назарфиребона гузоштаанд, дар бораи таъсиси иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон”  созишнома ба имзо расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg