БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрии судманди вакил бо интихобкунандагон дар сатҳи маҳал

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Дастгираки поёни ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли  тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи «Ёвон-29» Азимзода Толибхон Ситамурод иштирок намуда, сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумии бонувон ва маҳсули дасти кишоварзони деҳаи Дастгирак ошноӣ пайдо намуд.

Сипас, аз рӯйи тартиби муайянгардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд суханронӣ намуда, мақсади баргузории вохӯриро ба ҳозирин фаҳмонид.

Азимзода Толибхон Ситамурод зимни баромади хеш дар партави фаъолияти имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар шашмоҳаи соли 2018, дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия,  тақвияти робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва терроризму экстремизм ва қабулу дархостҳои интихобкунандагон андешаронӣ намуд.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи маърифат” ба се нафар ятимони кул ва нимятим аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кӯмаки яквақтаина расонида шуд.

Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар оғози сохтмони роҳҳои дохили маҳал ва ифтитоҳи китобхонаи деҳотӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg