БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасисабозиҳои муғризонаи наҳзатиён бо чи мақсад амали мешаванд???

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки  мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим пешрафти зиндагиро  бо ақлу заковат, донишу фаросат, фарҳангу маданият таъмин мекунанд, на бо ҷаҳолату тиру туфанг ва ё дасисаандозӣ мисли аъзоёни ҲНИ. Албатта мусалам аст, ки ҲНИ аз рӯзҳои авали фаъолияташ маълум буд, ки мақсади нопок ва маккорона дорад, ки аз номаш пайдост. Агар ба вожаи наҳзати исломӣ назар афканем маълум мешавад, ки маънои ин калима ҳаракат кардан барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, вале ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки дар паси пардаи ислом амалҳоеро иҷро кардаанд ва кардаистодаанд, ки кофарони кабр аз содир кардани онҳо худро дар канор мегиранд. Аз сарчашмаҳои исломӣ айён аст, ки дини мубини ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат вобастагӣ надорад ва нахоҳад дошт.           Имрӯзҳо мусаллам аст, ки наҳзатиён ва мансабталошонашон фардҳои  саросар ба ҷаҳолат афтодаро фирефта намуда аз дунболи худ мебаранд ва туъмаи мақсадҳои ғаразноки худ мекунанд ва ҳангоме, ки ба мақсади нопокашон расиданд аз паи қонеъ гардидани нафсонияти ҳароми хеш саргардон гардида молу дороӣ ҷамъ меоваранд. Айни ҳол мардуми тамадунофар ва бофарҳанги тоҷик хуб медонанд, ки наҳзатиён ба ҷуз валангор кардани шаҳру деҳот куштори бародару сӯзонидани хонаи бародар, сағир кардани тифлони хурдсол, вайрон кардани оилаҳои солим дигар чӣ кори некеро анҷом додаанд? Оё боре фикр кардаанд, ки исломро пешаи худ кардаанду ба чӣ амалҳо даст мезананд? Худро аҳкомдорони ислом меноманду дар пайи зулму истисмор ва вайрон кардани мафкураи бархе аз ҷавонони гумроҳу камсаводанд. Оё боре фикр кардаанд, ки ин ҳама амалҳои нопоки анҷомдодаашонро  дар назди қонун, халқ ва гуфтаҳои Қуръони Карим  чӣ ҷавоб медода бошанд?

     Чуноне, ки мефармоянд:

          Мор то рост нагардад  наравад дар сурох,

          Рост шав, то битавони ба лаҳад ғунҷидан.

 Баъди ин қадар дасисаандозию  зулму истисмор дар байни   мардум  наҳзатиёнро мебояд ба худ оянду роҳи дурустро интихоб намоянд,  наинки дар нишасти САХА ва дигар нишастҳо домани нопоки худро дар гиребони дигарон пок созанд.

 Шарифзода Лутфия- вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg