МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Тихорои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Гулсунбӣ Раҷабова дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани онҳо ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ андешаронӣ намуда, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба онҳо фаҳмонид.
Инчунин, дар идома бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин намоишгоҳ ҳамагон дидан карданд.