![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180831_090421.jpg?itok=88qvgggE)
КУШОНИЁН. Фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, мекушанд мувофиқи имконият ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, маъбону бепарасторон, шахсони барҷонмонда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ятимон иқдомҳои неки ватандӯстонаи худро анҷом диҳанд.
Ин навбат бо ташаббуси вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кушониён ва фаъолон ба ҳафт нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва ятимони кулли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро барои соли нави хониш бо ашёи мактабӣ, ҷузвдон ва пойафзол таъмин карданд. Волидайни оилаҳои ниёзманди ҷомеа кори хайри фаълонро давоми иқдомҳои неки ватанпарварона ва инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳори миннатдорӣ баён карданд.