БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз маҳал сарчашма мегирад

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабнии мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чодардӯзӣ, давридӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, атласбофӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, рассомӣ, дуғкашӣ, ресандагӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ дар намоишгоҳ ҷойгир карда шуда буданд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад доир ба моҳияти ташкили чунин чорабинҳо дар маҳал ва  дар ҳамин замина эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg