БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо меҳнати содиқонаву самаранок амнияти озуқавории Ватанро таъмин месозем

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ»-и  ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимнан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, афзуд, ки

ба дарки деҳқонону кишоварзон расонидани он нуқта зарур аст, ки вазифаи онҳо ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аз сабзавоту меваҷоти хуштаъму тарзу тоза ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар-ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. 

Дигар баромадкунандагон низ  оид ба пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, рушди  ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона  ва аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуда, онҳоро барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   ва таъмини амнияти озуқавории хушсифат ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg