![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_31.jpg?itok=98hw26R3)
ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов бо фаъолону собиқадорон ва ҳунармандони деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ кард.
Инчунин, дар ин раванд масъулин моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Армуғони хатлонӣ», «Тарроҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ»-ро ба ҷамъомадагон фаҳмонида онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва ишғоли ҷойҳои намоён даъват карданд.