БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” амали шуда истодааст

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик татбиқи Аксияҳои ҳизбӣ «Мактаб-даргоҳи маърифат» ва «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳалли пураи  худро ёфта истодааст.

Чанде қабл бо усули ҳашари дастаҷамъона муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №3-и ҷамоати деҳоти Танобчӣ аз  ҳисоби  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  шахсони саховатманди диёр ба маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ  таъмиру тармим карда шуд. Ин  таҷриба барои  ҳамсоямактаби деҳаи Танобчии поён  бетаъсир намонд. Вакилони ҷамоати деҳот, намояндагони маҳалла бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии деҳа Маҳмадрасулов Азиз  дар партави Аксияи ҳизбӣ ба хулоса омаданд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №39-ро, ки фарзандони деҳаро фарогир аст,  солҳои тӯлонӣ рӯи таъмири пурраро надида буд, таъмир намоянд.

Бинобар ин мавзӯъи вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир дар баробари тарғиби  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg