БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!» - роҳнамои фаъолияти ҳизбиён

ПАНҶ.  Бо ташаббуси   масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи заминсозии ноҳияи Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Заминсозӣ”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Шарипов Сайнуриддин  иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавзӯъи вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии  мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз  ҷалби  сокинон ба ташкилотҳои  экстремистиву  террористӣ интихоб гардида, зимни суханронӣ  баромадкунандагон бо далелу исботҳо ин масъаларо ба ҳозирин фаҳмонида доданд. 

Шарипов Сайнуриддин зимни суханронӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли ҷавон саҳмгузор буда, чӣ дар муҳити оила ва чӣ дар мактаб мудом оид ба ин мавзӯъ таъкидҳо намоянд, онҳоро ба роҳи дуруст сафарбар созанд.  Дастҷаъмона дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, ҷавононро  аз дасисаҳои дурӯғини хоинони миллат ҳифз карда, бар зидди душманони дохилӣ  ва берунӣ  муборизаи беамон баранд.

Дар идомаи  суҳбат Шомаҳмадзода Музаффар  доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Ин ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як заминаи  нави ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Тоҷикистон буда, бо ин васила  кишвари мо дар миқёси ҷаҳон ҷойгоҳи худро муайян менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg