БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат кафолати фардои дурахшони мост

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Дармонбахш» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Самадзода Саёҳат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон андешаронӣ намуд.

Инчунин, масъулин  доир ба  ҳодисаи даҳшатбори куштори  сайёҳони хориҷӣ ва иқрори  яке аз саркардагони амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ  бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам»- ро муҳокима карда,  аз иштирокдорон барои  аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ,  ҳифзи  солимии  ҷомеа, арҷ гузоштан ба аризишҳои миллӣ, риояи талаботи қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg