БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муҳиддин Кабирӣ ҳар як амали хоинонаи ту мавриди танқид аст!

ВОКУНИШ. Баъди тамошои навор ва огоҳи пайдо намудан аз ҷаласаи ОБСЕ дар Варшава, ки дар охир байни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндаи ташкилоти экстремисти террористии Ҳизби наҳзати ислом низоъ ва занозани ба амал меояд, дар ҳавзаи интихоботии № 31 ба интихобкунандагонам вохӯрда, онҳоро аз ин ҳодиса огоҳ намудам ва фикрашонро дар бораи рафтори намояндагони Тоҷикистон пурсидам.

Интихобкунандагон баъди фаҳмидани ҳақиқати ҳол рафтори намояндагони Тоҷикистонро амали ҷавонмардона, ҳифзи Ватану миллат аз ғаразу тӯҳмат арзёби намуданд. Гӯфтанд, ки Ҳизби наҳзати ислом ҳизби дурӯғин аст. Саркардагони он ҳеҷ гоҳ ба таври росто мақсади худро баён накардаанд ва намекунанд. Онҳое, ки дар бораи фаъолияти зидди давлати ва зидди манфиати мардум доштаи онҳоро сухани ҳақро мегӯяд, онро тӯҳмат меҳисобанд.

Агар ҳақиқатро баён намоем Ҳизби наҳзати ислом ҳизбест, ки таъсиси онро аксари кӯли мардум намехост. Оё барои хондани намоз, гирифтани рӯза ва ба ҷо овардани дигар урфу одати динӣ таъсиси ҳизб зарур аст?

Мақсад аз таъсиси Ҳизби наҳзати ислом дигар буд. Сарварони он бо дастури маблағгузорони хориҷиаашон мехостанд сари қудрат баромада, дар ҷумҳурӣ давлати исломӣ ташкил намоянд. Вале  бо мақсади нопоки худ  нарасиданд.

Мо ба Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш гуфтанием, ки ҳар як амали хоинонаи  шумо аз тарафи намояндагони олимақоми ҷумҳурӣ он тараф истад, аз ҷониби фарди оддии кишвар мавриди танқиду накӯҳиш ва зарур бошад, мавриди зарбу лат қарор дода мешавад.

Инро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, ки вақте барои бадном кардани давлату миллати сарбаланди тоҷик, ки дар арсаи байналмиллалӣ бо фарҳанги боғановат, ахлоқи ҳамида, урфу одати писандида ном баровардааст, ангушт ранҷа менамоед, дар ҷавоб аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар, ки имрӯз ҳайёти хушбахтона басар мебаранд, мушт ба даҳон мегиред.

Шоир дар ин маънӣ дуруст фармудааст:

 

                                             Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас.

                                             То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.

 

В.Табаров-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии №31.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg