БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои аъзои ТЭТ ҲНИ ва гуруҳчаҳои ҳаммаслакаш арзишҳои миллӣ қимате надоранд, аз ин огоҳ бояд буд!!!

ВОКУНИШ. Ватан, Модар, Миллат  ин вожаҳо мафҳумҳое мебошанд, ки  таҷассумгари меҳру муҳабат, садоқату матонат, нангу номуси нафақат шахсеро балки дар давраҳои гуногун ифодагари хусусиятҳои хислати аҷдодӣ, тамаддуну таърих ва соҳибфаҳангии   ҳар як қавму миллатро ба ҷаҳониён муарифӣ менамояд. Дар ин радиф миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик дар давраҳои гуногуни мавҷудияти хеш, тавассути фарзандони фарзонаву баруманд, бо заковату соҳибилм ва матиниродаву босадоқаташ ба худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Вале мутаасифона дар ҳар давру замон фарзандони ноқобилу аҳримансиришташ, ки вуҷудашон аз ҳирси чизпарастиву мансабталошӣ ташаккул ёфта бар ивази пулу мол ва ҳимояи шармандасори хоҷагони аҷнабӣ арзишҳои мардонагиву миллии худро ба осонӣ барбод дода, даст ба хиёнати ватану миллати хеш задаанд, низ кам нестанд. Хусусан дар замони муосир ТЭТ ҲНИ  бо суйистифода аз қонунҳои демократӣ ва башардўстонаи кишвари азизамон ҷавонони бетаҷриба, камсавод ва ноогоҳро зери пардаи пайравӣ ва ҳифзи арзишҳои дини мубини Ислом маѓзшўи намуда, дар асл ҷиҳати иҷроиши амру фармонҳои хоҷагони аҷнабиашон мардуми кишвари худро аз арзишҳои милливу мазҳаби аҷдодиашон дур намуда, ба тақлиди кўр кўронаву  гаравидан ба мазҳаби ботили бегона таҳрик медиҳанд. Роҳбарони ин ташкилоти ифротӣ кайҳо боз худ дарк  намудаанд, ки дар дохили кишвар ба ҷуз шумораи хеле каме одамони камсаводу аз сиёсат дур, ки он ҳам аксаран аз хешу табори худи онҳо иборатанд, дигар касе ҷонибдорашон нест. Аз инҷост, ки онҳо аз тарси нафрати мардум рў ба гурез ниҳода дар ҳар кунҷи дунё  худро дар оѓуши хоҷагони аҷнабиашон партофта дар ҳаққи давлату миллати тоҷик туҳмату бадгуиҳо намуда истодаанд. Руйдоди нанговару шармсоркунандае, ки ахиран дар пойтахти Полша шаҳри Варшава бо таъсиси эътилофи мухолифин бо номи Паймони  миллӣ ба вуқуъ пайваст, бори дигар собит намуд, ки барои ТЭТ ҲНИ ва гуруҳчаҳои ҳаммаслакаш  ҳамагуна арзишҳои  миллӣ қимате надоранд ва иҷроиши дастуру амри хоҷагони хориҷӣ дар авлавияти  фаъолияти табоҳкоронаи онҳо ҷойгузин мебошад. Ҳамаи он чор гуруҳи ифротие, ки зери як чатри сиёҳ бо ҳам паймон бастаанд, аслан ҳамагӣ аъзо ва ё ҷонибдорӣ  ТЭТ ҲНИ буда, 3-4 нафари тақсим гашта ба худ номҳои гуногун гузоштаанд. Ифротгароёни хоин  амали маккорнаи худро бо ҳадафҳои муѓризона барои ба чашми чомеаи ҷаҳониву кишвар хок пошидан ва худро ҳамчун иттиҳоди пойбанд ба арзишҳои демократӣ ҷилва додан роҳандозии намудаанд. Вале кайҳо парда аз рўи аслии наҳзатиёну пайравони гумроҳашон бардошта шудааст ва аён гашта, ки ҳадафи ин гуруҳи табоҳкор бо роҳи зуриву қатлу куштор барҳам задании сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати мазҳабӣ буда, ба демокртияву дунявият робитае надоранд. Хушбахтона мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои нопоки наҳзатиҳо кайҳо боз огоҳӣ ёфтаанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки кучактарин ҳадафи нопоки онҳо амалӣ гардад. Зеро бар асари хоиниву ваҳшату даҳшатафканиҳои ТЭТ ҲНИ миллати  шарифи тоҷику ватани маҳбубамон  як маротиба  ба вартаи ҳалокату фаноёби расида буд. Бинобарин   бо дарки муҳмияти ин нукта ҳар фарди миллатдўсту ватандўстро   зарур аст, ки аз ҳар вақта дида ҳисси дустдоштани ВАТАН, МОДАР, МИЛЛАТ-ро дар замири хеш комилу болиѓ гардонад, то ин ки нохлафе ба муқадасоти мазкур хиёнат накунад ва ба ояндагон ватани ободу зебо, модари хушбахту миллатофар ва миллати фарҳангиву тамаддунофарро ба мерос боқӣ гузорем.       

Одилҷон Маҳмадов- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg