НОРАК. Дар муассисаи давлатии Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии шаҳри Норак бо омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ вохӯрї доир гардид.
Дар вохӯрї кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр иштирок ва оид ба самтњои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуданд.
Инчунин, Фирдавс Ғафурзода дар бораи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастї, баланд бардоштани сатњи огоњии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роњҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарњанги бегона, муқовимат бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакањои иљтимоӣ баромад намуд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат пешниҳод намуд, ки ҳар як омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ бояд тарзи дуруст, бомаврид ва самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоиро ба шогирдон омӯзонад.