БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи гузаштаи пурифтихори миллат

Ҷайҳун. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳраки Дӯстӣ чорабинии фарҳангӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ва сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми навъи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд.

Гузашта аз ин дар оғози чорабинӣ бонувони ҳунарманди деҳа чанд навъ хӯрокҳои миллӣ ва шириниҳои гуногуни дастранҷи хешро ба омода намудан шурӯъ карданд, ки тавонист маҳсули дасташонро дар фарҷом пешкаши ҳозирин гардонанд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, онҳоро қаноатманд карданд. Сокинони маҳал зиндадилиро аз даст надода, таҳти навои мусиқӣ бо ҳамдигар бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми Ватан мерақсиданд ва шодона аз  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун барои ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ миннатдорӣ баён менамуданд.

Занони ҳунарманди маҳаллаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳраки Дӯстӣ, хоса холаи Робия, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки маҳсулоти дастранҷи истеҳсоли худро нисбат ба солҳои қаблӣ бештару хушсифат  истеҳсол намуда, пешкаши харидорони дохилию хориҷӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg