БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

24 Сентябр 2018

Масхарапаймони 4 наҳзатӣ ва лухтакбозиҳои сиёсӣ

ВОКУНИШ. Чанде қабл ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва ифтихор аз Ватандориву давлатдории миллӣ таҷлил карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим бо баргузор гардидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ба истифода додани объектҳои иҷтимоӣ ва гузоштани санги асос ба иншоотҳои муҳимӣ ҷамъиятӣ алоқаманд буд.

Мазҳабфурӯшони бедин дар ниқоби ислом

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №-3 »-и ноҳияи Шаҳритуз бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Татбиқи Аксияи ҳизбӣ мароми мост!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Арху»-и деҳаи Архуи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашӯров Сунатулло, Самадзода Саёҳат, Ҷамолиддини Маҳмашариф ва Қурбонов Абдурашид бо сокинони деҳаи номбурда бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор намуданд.

Мушкилоти амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои ҳалли он

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроия  Фарҳод Обидзода, раиси ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» Саидакбар Обидов дар мавзeъи «Ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти амнияти иттилоотӣ» дар сатҳи баланди сиёси гузаронида шуд.

Коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали  тасдиқгардида дар маҳаллаи Сангоба 1-и  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  мақсади  чорандешӣ ҷиҳати   пешгирӣ аз  амалҳои  коррупсионӣ  ва  ба вуҷуд  овардани  ҳисси  муқовимат  бо  ин  амали  хатарнок, инчунин  сафарбар  намудани  аҳолӣ ба  корҳои  ободонӣ, рушди  корҳои  хонагӣ, саҳмгузорӣ дар  рушди  соҳаи сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ вохӯрӣ  баргу

Вакилони мардумӣ дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи маҳал иштирок намуданд

ҲАМАДОНӢ. Тибқи иҷрои нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлаталӣ Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт бо сокинони деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ доир карда шуд.

Тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор  дар ташкилоти ибтидоии «Нури шарқ» -и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед!...

ПАНҶ. Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мароми мо вусъати корҳои маърифатию созандагӣ

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Момираки ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳа тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва мулоқоту вохӯриҳо оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷавонон посдори анъанаҳои неки ниёгон

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Миллати тоҷик бо меҳмоннавозиву меҳмондӯстӣ дар ҷаҳон маъруфу машҳур гаштааст

КУШОНИЁН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Шукурова Латофат, Неъматуллоева Сабоҳат, Шомалангова Миҷгона  бо  мардуми деҳаи Наврӯзи  ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.

Соли 2018-Соли ҳифзу эҳёи ҳунарҳои миллӣ

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар маҳаллаи ЧГП-2 намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Ободиву хуррамӣ ва сарсабзии Ватан дар дасти мо соҳибватанон аст

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷиликӯл”  Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл баргузор гардид. 

ҲХДТ – ҳидоятгари халқ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Маликоваи ҷамоати деҳоти Корез корҳои фаҳмондадиҳии кӯча ба кӯча баргузор гардид.

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромии кишвар омили асосии пешрафт аст

ВОСЕЪ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.

Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулокоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ваҳш дар ташкилоти ибтидоии   «Сулҳобод»-и  ҷамоати деҳоти Ваҳдат  бо сокинони маҳал доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ХХДТ дар мавзӯъи  «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва  хурофотпарастӣ  бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти  ҷомеа» вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳифзи давлату миллат дар зиммаи ҷавонони шуҷоъи Ватан

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мададгори вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сокинон аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушҳоланд

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шуҳратёри ҷамоати деҳоти Ватан намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дастаҷамъӣ асосӣ расидан ба мақсаду мароми созанда аст

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Раҳимбек” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.

Ҳунармандони хушзавқи деҳот ба озмунҳои ҳизбӣ даъват карда шуданд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, раиси деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Қизилқалъа Расулов Ҷалол атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва  татбиқи Аксияи тарғиботӣ-ама

Пайравӣ аз ҲХДТ - роҳест барои расидан ба ояндаи босаодат

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои банди 53-и ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти матлубот» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Шояд, ки зи дилпокии худ соҳиби обем...

ПАНҶ. Дар партави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар  ташкилоти  ибтидоии “Арзанда”-и назди Идораи оби шаҳраки Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  ва дигар шахсони даъватӣ хониши  сиёсӣ доир гардид.

Ҳунарҳои миллӣ гувоҳ аз таърихи дерина доштани тоҷикон

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаи Хоҷа-Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Комиҷроия»-и ҷамоати шаҳраки Вахш  хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ» вохӯрӣ баргузор  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg