БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Татбиқи Аксияи ҳизбӣ мароми мост!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Арху»-и деҳаи Архуи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашӯров Сунатулло, Самадзода Саёҳат, Ҷамолиддини Маҳмашариф ва Қурбонов Абдурашид бо сокинони деҳаи номбурда бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин ба ҳозирин оиди дар амал ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар деҳаву маҳалла ҷой доранд ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ҷойи зисти худ маслиҳатҳо доданд.

Ҳамзамон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, сокинонро  барои бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаи  ҲХДТ  раҳнамоӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg