БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мазҳабфурӯшони бедин дар ниқоби ислом

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №-3 »-и ноҳияи Шаҳритуз бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Зимнан Носирзода Абдукарим дар назди ҷамъомадагон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирӣ аз бемориҳои  сироятӣ,  талаб кардани риояи қонунҳои амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзу гиромидоштӣ дастовардҳои замони Истиқлолият андешаронӣ намуд.

Инчунин,  мавсуф  хавфу хатар ва амалҳои ҳизбу гурӯҳҳои дар кишвар мамнуъро  ба дарки ҳамагон расонида, афзуд, ки  ҳар яки моро лозим аст дар таъмини сулҳу субот, тинҷиву ормоии  Ватанамон саҳмгузор бошем,  нагузорем баднияте  бо ниятҳои нопок, ки дар чеҳраашон ниқобҳои исломро кашида, дар назди мардум худро ҳомии мазҳабу  дин метарошанд, ки дар асл онҳо мазҳабфурӯшу бединанд фарзандони моро  ба доми худ кашида, фазои орому осудаамонро  ноором созад. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg