БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулокоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ваҳш дар ташкилоти ибтидоии   «Сулҳобод»-и  ҷамоати деҳоти Ваҳдат  бо сокинони маҳал доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ХХДТ дар мавзӯъи  «Аз байн бурдани таассуби динӣ ва  хурофотпарастӣ  бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти  ҷомеа» вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал корманди масъули  Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш  Мардонова  Сайёра қайд  кард, ки  дин аз ҳама нуктаи ҳассоси маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад ва бо  дарки ин, нахустҳуҷуми гурӯҳҳои ифротӣ низ аз ин роҳ ба сӯи маънавиёти ҷомеа бо мақсади шикастани  руҳияи давлатдории  миллӣ  равона карда шудааст.  

Пас моро лозим меояд, ки худро аз хар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дур  сохта,  арзишу анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем ва ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем.  

Ҳамчунин дар ин радиф  онҳоро  барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Маликаи Хатлон”,  ки озмунҳои номбурда ба хотири эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, даъват намуданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg