БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пайравӣ аз ҲХДТ - роҳест барои расидан ба ояндаи босаодат

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХД дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои банди 53-и ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти матлубот» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ Фарҳод Обидзода атрофи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияҳои дар кишвар мамнуъ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳо ва ихтироъкорӣ андешаронӣ карда, ба ҷамъомадагон маслиҳатҳои муфид дод.

Дар фарҷом иштирокдорон аз намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg