БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали  тасдиқгардида дар маҳаллаи Сангоба 1-и  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  мақсади  чорандешӣ ҷиҳати   пешгирӣ аз  амалҳои  коррупсионӣ  ва  ба вуҷуд  овардани  ҳисси  муқовимат  бо  ин  амали  хатарнок, инчунин  сафарбар  намудани  аҳолӣ ба  корҳои  ободонӣ, рушди  корҳои  хонагӣ, саҳмгузорӣ дар  рушди  соҳаи сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Сокинони  маҳалла  ба  мақсади  тараққӣ  додани урфу  одат,  анъанаҳои  миллӣ, тақвияти   соҳаи  сайёҳӣ муаррифии  шоистаи  имкониятҳои   сайёҳии  мамлакат  ва  фарҳанги  миллӣ  дар арсаи байналмилалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва маҳсулоти    кишоварзии истеҳсолнамудаашонро ба  намоиш    гузоштанд.  

Вохӯриро раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки чуноне, ки  аз  воситаҳои  ахбори  омма  ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара,  ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид  ва намоиши  телевизонии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» бо  назардошти  иқрори   яке  аз  саркардагони  ҲНИ Аёмиддин  Сатторов  ва  инчунин,  намоиши барномаҳои телевизионӣ огоҳ  шудем, душманони  миллат, бахусус  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткор  бо  дастури ташкилоти  экстемистӣ- террористии дар Тоҷикистон мамнуъ  ба амал оварда шуд, ки ҷомоеаи моро бетаъсир намонд.

Ҳамчунин  вакили  Маҷлиси   вакилони  халқи  ноҳия   Раҳимқулов  Бахтиёр     иштирок  дошта, қайд  намуд, ки  бо  мақсади дар  амал  татбиқ  намудани супоришҳои  дар  Рӯзи  дониш   дар вохӯриашон  бо  кормандону донишҷӯёни   Донишгоҳи  тиббии  Тоҷикистон  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милл, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон андешарони кард.

Дар охир ба саволу  дархостҳои  сокинони  маҳалла  ҷавобҳои  мушаххас  гардонида  шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg