БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилони мардумӣ дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи маҳал иштирок намуданд

ҲАМАДОНӢ. Тибқи иҷрои нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлаталӣ Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт бо сокинони деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимнан вакили мардумӣ  Одинаев Ҳаёт дар назди интихобкунандагон  оид ба сиёсати дохиливу хориҷии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои  мардумӣ, амалҳои анҷомдодаи  террористиву  экстремистии  ҳизбу гурӯҳҳои  дар кишвар мамнуъ ва пешгирии шаҳрвандон, алалхусус  ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои ифротӣ ибрози андеша намуд.

Баъдан  Давлаталӣ Ғаффорзода дар бораи сафарҳои кории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бо онҳо андешаронӣ намуд.

 Пас аз  вохӯрӣ масъулин  аз намоиши ҳунарҳои мардумии чирадастони деҳаи Сайроб аз наздик шинос шуда, ба ҳунару маҳорати волои ин ҳунармандону косибон баҳои баланд доданд.

Дар хотима саънаткорони хушсалиқа бо сурудҳои ватандӯстона хотири иштирокдорони чорабиниро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg