ПАНҶ. Дар партави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и назди Идораи оби шаҳраки Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва дигар шахсони даъватӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
Хониши сиёсӣ таҳти унвони «Об - маншаи ҳаёт ва зиндагӣ» интихоб гардида, шунавандагони он фаъолон ва аъзо ҳизб буданд. Об дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин стратегияҳои рушд, ҳамчун омили муҳими рушди устувор зикр шудааст.
Даҳсолаи навини байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои созмонҳои бонуфуз қабул шудааст. Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар мавзӯъи об дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо қабул гардидани он аҳамияти ҷаҳониро касб намуд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории Конференсиҳои умумибашарӣ таҳия ва амалӣ намудани чораҳои мушаххас оид ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад, кишварҳои дунё бо татбиқ намудани Даҳсолаи навин оид ба рушди устувор ба натиҷаҳои назаррас хоҳанд расид- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Арзанда” Убайдуллоев Шоназар баромад намуда, оид ба Ваҳдати миллӣ, аҳамият ва моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ андешаронӣ намуд.
Дар охир, ба нафарони нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомилшуда дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.