БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳидоятгари халқ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Маликоваи ҷамоати деҳоти Корез корҳои фаҳмондадиҳии кӯча ба кӯча баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ иштирок намуда, дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба тирамоҳу зимистони пешомад, риояи қонунҳои миллӣ андешаронӣ намуда,  иштирокдоронро барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ  ҷамъбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои  мардумӣ ва роҳандозии Аксияи  ҳизбӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ки  барои беҳбудии сокинон ва ободии як гӯшаи  диёр равона  карда шудааст,  ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg