БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон посдори анъанаҳои неки ниёгон

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ”-и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар намуда,  иброз дошт, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018- ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Инчунин, бо мақсади  ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани  пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои  ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ боз ҳам  пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус ҷавонони марказ ба равандҳои  созандагию  бунёдкорӣ ва  ихтиёрӣ хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён чакандӯзӣ, либосҳо ва хӯрокҳои  миллии омоданамударо ба намоиш  гузоштанд.

Сипас,  ба фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ  аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  шаҳр барои  иштирок  ва  саҳми босазо гузоштан дар чорабинии  мазкур бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аъзои ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”  таъби ҳозиринро бо сурудҳои ватандӯстонаашон  болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg