БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед!...

ПАНҶ. Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон, ки нерӯи созанада ва бунёдкоронаи кишвари мо ба ҳисоб мераванд, лозим аст, ки ба ғамхориву дастгирии Ҳукумату давлат фаро гирифта шуда, аз ҳамин нуқтаи назар, ҷомеа ва падару модарон имкониятҳои иқтисодии худро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то ин ки онҳо дар оянда парчамбардорони миллат бошанду зиндагии хешро тибқи хоставу ормони худ бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ- Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори наслҳои оянда бошанд.

Чорабинии навбатӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Шоҳмот1-и ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо иштироки васеъи ҷавонони маҳал, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Ба ҳайати меҳмонон, ки намояндагони Кумитаи  иҷроияи ҳизби ноҳия, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», вакилони ҳизбӣ ва ҷамоати деҳоти Озодагон шомил буданд,  иштирок ва суханронӣ карданд.Ҷавонони маҳал, ки ташкилкунандаи ин чорабинӣ буданд, ибқи барномаи худ онро роҳандозӣ намуданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки марбут ба тарбияи насли наврасу ҷавон аст, лозим аст ҷавононро аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ, бо ҳадафи солим нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ ва бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, пешгирӣ намудан аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона  андешаронӣ намуд.

Дар идома   вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Сатторов Абдуаллим ва - раиси маҳаллаи Шоҳмот-1 Ҳасанов Қудратшо зимни баромадҳо аз ҷавонони маҳал даъват ба амал оварданд, ки дар корҳои ободонию созандагии маҳали худ ва ноҳия ҳиссагузор бошанд. Суханони падарони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дӯст бошед! Иттифок бошед! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед! Шукронаи ана ҳамин давлат кунед! Шукрона  кунед, ки чунин Ватани азизу махбуб доред!!!»-ро шиори худ намуда, дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд. Ба Ватану миллат хизмати шоиста карда, ифтихори Тоҷикистони ягона бошанд.

Чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал ва намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ҷамъбаст  гардид.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg