КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаи Хоҷа-Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин намоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва корманди масъули ҷамоати деҳоти Зиракӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимнан, Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки дар воқеъ чунин ҳунарҳои қадима ва анъанаҳои нек гувоҳ аз таърихи дерина доштани миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои равнақу ривоҷ додани ҳунарҳои дастӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу ҳунари хеш сайъу кӯшиш намоем.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки барои дар сатҳи баланд ҷамбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ дар маҳаллаҳо мусоидат хоҳад кард.