БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мушкилоти амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои ҳалли он

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроия  Фарҳод Обидзода, раиси ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» Саидакбар Обидов дар мавзeъи «Ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти амнияти иттилоотӣ» дар сатҳи баланди сиёси гузаронида шуд.

Дар рафти хониши сиёсӣ Фарҳод Обидзода ба сухан баромада, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҳифзи солимии миллат, ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти амнияти иттилоотӣ суханронӣ намуд.

Мавсуф дар рафти суханрониаш иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки Стратегияи мо таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ, пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.

Бо мақсади муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иттилоот, таъмини ташаккул ва инкишофи фазои ягонаи иттилоотӣ-фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ягонагии сиёсӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳайё сохтани заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникию технологии воридшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки метавонад барои ҳар яки мо дастуру роҳнамо бошад.

Дар фарҷом раиси ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» Саидакбар Обидов дар мавзeъҳои болозикр фикру мулоҳизахои хешро баён дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg