БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мароми мо вусъати корҳои маърифатию созандагӣ

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Момираки ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳа тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва мулоқоту вохӯриҳо оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров  ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Холова Лутфия иштирок ва суханронӣ намуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ,  мубориза бар зидди терроризму экстремизм, коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин мавсуф дар идома бори дигар озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба дарки сокинон расонида, аз онҳо барои дар амал татбиқ намудани  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg