БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони хушзавқи деҳот ба озмунҳои ҳизбӣ даъват карда шуданд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, раиси деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Қизилқалъа Расулов Ҷалол атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва  татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба  дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин дар ин радиф масъулин  озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин  доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Тарроҳи беҳтарин», ки аслан  бештари  сокинони деҳаи номбурдаро ҳунармандони чирадасту хушзавқ  ташкил медиҳанд, барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ  даъват карда шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg