БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик бо меҳмоннавозиву меҳмондӯстӣ дар ҷаҳон маъруфу машҳур гаштааст

КУШОНИЁН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Шукурова Латофат, Неъматуллоева Сабоҳат, Шомалангова Миҷгона  бо  мардуми деҳаи Наврӯзи  ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.

Дар баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои тақвият бахшидан ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, суҳбатҳо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва инчунин, ҳодисаи нанговари дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз рафти амали хунину нангини размандаву ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи ба ном давлати исломӣ ба амал омадаро муҳокима намуда, таъкид карданд, ки дар байни сокинон, махсусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки ин нохалафон дар байни ҷомеаи шаҳрвандии мо барои расидан ба ҳадафҳои шуми душманонаашон роҳ ёбанд. Ин падидаҳои номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо заминаи самарабахшу умда гузорад.

Сокинони маҳаллаи Наврӯз аз баргузории чунин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ карда,  барои ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизизамон Тоҷикистон  саъю талош хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg