БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли 2018-Соли ҳифзу эҳёи ҳунарҳои миллӣ

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар маҳаллаи ЧГП-2 намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Ин ҳамоиш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал роҳандозӣ шуда, дар он сокинони маҳаллаи мазкур ҳунарҳои хонагии худро ба маърази дид гузоштанд.

Зимни он мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Мунаввараи Бозоралӣ ҳангоми суҳбат қайд кард, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Воқеан ҳам, рушди ҳунарҳои мардумӣ дар баробари рушди сайёҳӣ ҳамчун таҷассумгари фарҳангу маданияти миллӣ ва бо ин роҳ метавон миллати куҳанбунёди моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Аз сӯи дигар, рушди ин соҳа дар эҳёи дубораи фарҳанги миллӣ мусоидат хоҳад кард. Яъне метавон соли 2018-ро соли ҳифзу эҳёи ҳунарҳои миллӣ унвон намуд.

Хушбахтона, чунин иқдоми Сарвари давлат бори дигар ба ҳунармадону косибон имкон фароҳам овард, ки то онҳо бештару беҳтар фарҳанги миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, ҳамзамон иқдоми мазкур дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ низ мусоидат хоҳад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg