БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

25 Сентябр 2018

Падари духтари Кабирӣ кист?! Ё худ Кабирии босмачӣ дар САҲА расво шуд ва боварии хоҷагони аврупоияшро ҳам аз даст дод!

ВОКУШИН. Чанд муддат аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худро ба оғуши САҲА партофта, бо ҳар ҳиллаву найранг дар пайи амалҳои шум аст. Аммо тавре равандҳои имрӯза нишон дод, САҲА ба ӯ бо чашми таҳайюру нобоварӣ нигоҳ мекунад. Махсусан, баъд аз оне, ки Кабирӣ худу ҳаммаслаконашро босмачӣ эълон кард, даҳшатҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи манғитҳо дубора дар хотираҳо бедор гашт.

Манқуртони наҳзатӣ ба сӯи Модар-Ватан тир рост кардаанд

ВОКУНИШ. Таърихи инсоният аз лаҳзаи пайдоиш то ба имрӯз бо дин ва сӯистифода аз бовариҳои динӣ ба мақсади расидан ба манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ иртиботи қавӣ дорад ва ин таҳавуллот ба ҳаёти инсон аз таваллуд то марг таъсир мерасонад. Аз ин ҷост, ки устод Фирдавсӣ мегӯяд:

Наҳзатиҳо мисли шайтон ҳамеша ноумед мемонанд!

ВОКУНИШ. Кӯшишҳои пайвастаи якчанд соли охири чанд наҳзатии асолатбохта дар назди Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили САҲА, ҷиҳати сиёҳкориҳои худро пардапӯш намудану вазъи мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чашми онҳо беадолат ва ғайридемократӣ нишон додан, ҳамзамон худро рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардан ғайримантиқист.

Пешрафту тараққиёти имрӯза аз Барномаи созандаи ҲХДТ сарчашма мегиранд

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Кавлуч бо сокинон ва фаъолони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Озмунҳои ҳизбӣ ба хотири ҳавасмандгардонии мардум роҳандозӣ гардидаанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон доир гардид.

Коррупсия- омили пастравии иқтисодиёти миллӣ

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Зарбдор” чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Коррупсия- омили монеасози рушди устувори давлат!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода доир гардид.

Амалҳои ватанфурӯшонаи ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъро мардум маҳкум карданд

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали  тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маорифчиён” бо  иштироки  васеъи  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи  “Баланд  бардоштани  огоҳии  мардум  дар  мавриди  хатари  террориму экстремизм бо  мақсади  пешгирӣ  аз  ҷалби  шаҳрвандон ба  ташкилотҳои  экстремистӣ”  баргузор гардид.

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри расидан ба рӯзгори пурсаодати мардум аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси деҳаи       Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  бо дастовардаҳои назаррас истиқбол гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто

Иқдому ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат ба хотири зиндагии босаодати шаҳрвандон аст

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Фирӯз Пиров ва Саидҷалол Ҷалилов бо аҳолии деҳаи Панҷоби ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ гузарониданд.

Онҳо сараввал бо ҳунарҳои мардумии  чирадастони деҳаи Панҷоб шинос шуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Хоинони давлату миллат зери ниқоби дин амалҳои ғаразноки хешро анҷом дода истодаанд

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои сил»  баргузор гардид.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба манфиати сокинон мебошанд

ПАНҶ.Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар ин росто ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ҳизбӣ озмунҳои “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал» эълон шудааст.

Ба тарбияи ахлоқиву маънавии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ бояд дод

ПАНҶ. Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №4-и ноҳияи Панҷ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо омӯзгорони ин даргоҳ вохӯрӣ доир гардид.

Тоҷикистон давлати ҷавон ва ҷавонон аст

ЛЕВАКАНТ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Литсейи касбӣ саноатии кимиёвии  шаҳр чорабинии фарҳангӣ сиёсӣ таҳти унвони Истиқлолият ва ҷавонон бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан“ дар сатҳи баланд  баргузор  гардид. 

Дар чорабинии ҳизбӣ масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардиданд

КУШОНИЁН. Вохӯрии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва Неъматуллоева Сабоҳат бо мардуми деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.

Завқи мардум нисбати омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бедор гардидааст

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи тасдиқгардида бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар маҳаллаи М.Ҳакимови шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул баргузор гардид.

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Чимғилиши ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

«Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ» завқи занону бонувони ҳунармандро дучанд намуд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби масъулин оид ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Яккатол»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Армуғони хатлонӣ” ва “Кадбонуи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.

Иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар пеши роҳи амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯро гирифт

ДАНҒАРА. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта, иқрор мешаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад.

Солимии ҷомеа асоси рушду нумӯи давлат аст

ВОСЕЪ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сил”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила хониши сиёсӣ доир гардид.

Вакили мардумӣ ба намоишгоҳи ҳунармандон ва фаъолияти ҳизбиён дар маҳал баҳои баланд дод

ВАХШ. Дар деҳаи Файзбахши ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Сафарзода Бахтовар Амиралӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро муттаҳид намуд

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Обшорон ва Арараки ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷавонон ҳунарҳои дастиро меомӯзанд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Қизил-Аскари ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал  ва чорабини

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg