
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Фирӯз Пиров ва Саидҷалол Ҷалилов бо аҳолии деҳаи Панҷоби ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ гузарониданд.
Онҳо сараввал бо ҳунарҳои мардумии чирадастони деҳаи Панҷоб шинос шуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи эълон гардонидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баромад карда,
қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ва ба ин васила паст кардани шиддати бекорию камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти ҷомеа мебошад.
Дар охири ҷамъомад ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо суруду таронаҳои дилниши ватандӯстона хотири ҷамъомадагонро шод гардонида аз ҷониби масъулин ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.