ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Зарбдор” чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Коррупсия- омили монеасози рушди устувори давлат!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ Фарҳод Обидзода оид ба масъалаи ба миён гузошташуда, муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти олии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилоти коррупсия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста, як қатор санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсиониро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ намудаанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи милии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ё дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад”. Дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, ки мо бояд бо ин падидаи номатлуб, муносибати оштинопазирро дар худ касб намуда, буморизаи беамонро пеш гирем, дар он вақт метавонем ба мақсадҳои зиддикоррупсионӣ ноил гардем.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Фарҳод Обидзода ба аҳли ҷамъомад таъкид намуд, ки новобаста аз муборизаи зиддикоррупсионии мақомотҳои қудратӣ, аҳли ҷомеа дар масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия фаъолнокии худро нишон дода, дар ин самт ҳамкориро бо мақомотҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия ҷоннок намоянд.