
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Маркази бемориҳои сил» баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдаст, хатарҳои терроризму экстремизм, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар даврони истиқлолият зери сиёсат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот нотиқ аз аҳмияти барқароршавии муносибатҳои дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамҷавор -Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарварони ҳарду кишвар ба даст омадааст, изҳори ақида намудаанд.