БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Манқуртони наҳзатӣ ба сӯи Модар-Ватан тир рост кардаанд

ВОКУНИШ. Таърихи инсоният аз лаҳзаи пайдоиш то ба имрӯз бо дин ва сӯистифода аз бовариҳои динӣ ба мақсади расидан ба манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ иртиботи қавӣ дорад ва ин таҳавуллот ба ҳаёти инсон аз таваллуд то марг таъсир мерасонад. Аз ин ҷост, ки устод Фирдавсӣ мегӯяд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Ин аст, ки дар фарҷоми асри 20 ва оғози садаи 21 инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки имрӯз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи муғризонаи шиорҳои дини мубини ислом доман паҳн намуда, дар натиҷа ба обрӯ ва манзалати ҳамаи мусулмонон латма зада истодааст.

Паҳн намудани ифротгароии динӣ дар нуқтаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла кӯшишҳои аланга додани он дар кишвари мо аз ғаразҳои бозингарони бузурги байналмиллалӣ сарчашма гирифта, ба костагардонии низому тартиботи ҳуқуқӣ ва муборизаҳои идеологӣ, аз ҷумла коҳиш додани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, низоми маориф, тафаккури созанда ва латма задан ба шуури муқаррарии шаҳрвандон дар замони муосир нигаронида шудааст.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти идеологияи миллии худ, ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибон равона шудааст. Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рӯ намегардонанд. Ҳатто, баъзе доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд.

Албатта, хеле аламовар ва боиси таассуф аст, ки баъзе созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва абарқудратҳо аз хурдтарин гурӯҳҳои ифротӣ баҳри манфиатҷӯӣ пуштибонӣ менамоянд.

Кабирӣ ва чанд тан хоинони миллат бо даъвоҳои беасос ва бепояи худ Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупоро пуштибони худ медонанд. Ӯ ва ҳаммаслаконаш худро ҳамчун ҳомӣ ва мушкилкушои мардум тарошида, чандин фарсахҳо аз Тоҷикистони азиз дур садо баланд мекунанд.

Кабирӣ яқинан медонад, ки бо ниқобҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, гурӯҳи бо ном «Озодандешон», гурӯҳи 24 хостаҳояшон амалӣ нашуд, ҳиллаву фитнаҳои дигарро пеша карда, бо таъсиси ташкилоти сиёсии ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон»  барои ба доми худ афтондани раҳгумзадаҳои навбатӣ ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷӣ иқдом намудааст.

Тавре дар боло зикр намудем, чунин гурӯҳҳо ба ҷузъ андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро билкул эътироф намекунанд. Ватан, миллат, ободиву созандагӣ ва илму дониш барои онҳо бегона буда, барномаи фаъолияташон низ дар доираи нақшаҳои хоҷагонашон маҳдуд шудааст ва мехоҳанд онро амалӣ созанд. Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки чунин фармудааст:

 

Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гӯш,

Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурӯш.

Шаванд ҳар ду-се рӯзе муриди нодоне,

Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.

 

А.НЕЪМАТОВ - Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg