БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллати тоҷик аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Чимғилиши ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Сараввал мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён В.Абдуллоев оид ба моҳияти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, қайд кард, ки бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ фарҳангу маданияти миллати тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ хоҳем кард.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён супоридани андоз аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулотҳои хонагӣ, аз қабили бофтани гилем, сохтани ҳар гуна ҷевон, аз пашм бофтани гилеми намадӣ ва бо усули анъанавӣ нақшу нигор намудани он масъалагузорӣ карда шуд.

Ваҳобиддин Абдуллоев фаҳмонид, ки тибқи Фармони Сарвари давлат истеҳсол ва ба фурӯш баровардани ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони иншоотҳои гуногун марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ аз супоридани ҳаргуна андоз озод карда шудааст.

Дар фароварди вохӯрӣ ҳунарҳои мардумии дар деҳаи Чимғилиш ба маърази  иштирокчиён гузошта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg