БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри расидан ба рӯзгори пурсаодати мардум аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси деҳаи       Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  бо дастовардаҳои назаррас истиқбол гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим дар баробари баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  равобити  дӯстии  ду давлат Ӯзбекистону  Тоҷикистон,  ва Аксияи  тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хотири  боз ҳам ободу зебо гардидани  Ватани маҳбубамон, ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ,  обод кардани  маҳали зист,  кӯмак расонидан ба маъюбону бепаратсорон, оилаҳои ниёзмандӣ ҷомеа, ятимону барҷомондагон  ҳидоят намуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg