ВОКУНИШ. Кӯшишҳои пайвастаи якчанд соли охири чанд наҳзатии асолатбохта дар назди Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили САҲА, ҷиҳати сиёҳкориҳои худро пардапӯш намудану вазъи мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чашми онҳо беадолат ва ғайридемократӣ нишон додан, ҳамзамон худро рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ кардан ғайримантиқист.
Ба ҳеҷ ваҷҳ ифротгароён, гумроҳкунандагону гурӯҳи ҷинояткорони ТЭТ ҲНИ рақиби сиёсӣ дониста намешаванд. Онҳо танҳо барои ин халқу давлат хоин ва фурӯхташудагон дониста мешаванд на рақиби сиёсӣ.
Халқи Тоҷикистон пурра шоҳиди амалҳои сиёҳи ТЭТ ҲНИ гардида, ба кӣ бовар кардану чи гуна вокуниш нишон доданро хело хуб медонанд.
Мантиқан аз амалкардҳо бояд хулоса кард, ки ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш ба мақсад намерасанд, зеро дар рӯ ба рӯи онҳо аҳолии дорои шуури баланди сиёсӣ ва соҳибтаҷриба, аз таърихи амалҳои сиёҳӣ ин гурӯҳи худхоҳу манфиатҷӯ огоҳ истодааст.
Фарзин Файзиев, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара