БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ» завқи занону бонувони ҳунармандро дучанд намуд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби масъулин оид ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Яккатол»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Армуғони хатлонӣ” ва “Кадбонуи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии фарҳангӣ и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абубакр  ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ  аз  наздик дидан намуданд.

Сокинони деҳот, аз ҷумла занону духтарон маҳсулоти дастранҷи худро, аз қабили дӯзандагиву бофандагӣ, пухтани таъомҳои миллӣ, анвои ширинию нонӣ ба  маърази намоиш гузошта буданд. Дар рафти чорабинӣ масъулини роҷеъ ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳи ва хунарҳои мардумӣ,  пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ андешаронӣ карданд.

Сокинони деҳот аз баргузории чунин чорабинии ҳизбӣ рӯҳбаланд гардида, ҷонибдории худро нисбат ба ҲХДТ баён доштанд.

Дар охир масъулин ба ҳунармандони чирадасту хушзавқӣ деҳот  барои  баргузории озмуни номбурда, изҳори миннатдорӣ баён карда, онҳоро барои иштирок дар  даври вилоятии озмунҳо даъват карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg