БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Завқи мардум нисбати омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бедор гардидааст

КӮЛОБ. Вобаста ба нақшаи тасдиқгардида бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар маҳаллаи М.Ҳакимови шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул баргузор гардид.

Дар рафти ин чорабинӣ Валиева Саъбагул суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар Паёми навбатии  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Воқеан ҳам, барои рушд ва тараққӣ ёфтани ҳунарҳои дастӣ ва имтиёзҳову имкониятҳои фароҳам ба устоҳову ҳунармандони тоҷик, нишонаи ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати ин қишри ҷомеа мебошад.

Дар идома гуфта шуд, ки барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила омӯзонидани насли ҷавон, шинос кардани онҳо бо ҳунарҳои аҷдодиамон ва бедор кардани завқи мардум ба ҳунарҳои миллӣ баргузории чунин чорабиниҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg