БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор  дар ташкилоти ибтидоии «Нури шарқ» -и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар мулоқот кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ва Шаҳбози Искандар  дар назди ҳозирин баромад намуда, ёдовар шуданд, ки дар Паёми навбати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи  имкониятҳои  сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Инчунин, масъулин моҳият ва аҳмияти баргузор намудани чорабинии фарҳангию сиёсиро, ки дар ин тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ  дорад ва барои татбиқи  амалии он вазифаи на танҳо  аъзои ҳизб, балки ҳар як  шаҳрванди  бонангу номуси кишвар мебошад, маънидод намуданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сокинони маҳал ҳунарҳои миллӣ, аз қабилӣ чодар, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кӯза ва дигар маҳсулотҳои дастсохти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Қисми дигари чорабиниро санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия идома дода, бо суруду оҳангҳои миллӣ  табъи сокинонро болида карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg