БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушҳоланд

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шуҳратёри ҷамоати деҳоти Ватан намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории ин чорабинӣ сокинони деҳа, намунаи  ҳунарҳои мардумиро, аз қабилӣ зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чодарҳои чакан, куртаи чакан, қуроқдӯзӣ, ҷуроббофиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гӯшаи дигар намоишгоҳро намунаи анвои хӯрокҳои миллӣ ташкил медод.

Дар чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!”  суханронӣ карданд.

Дар охир иштирокдорон  аз эълон гардидани соли 2018  дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ҳушҳол буда,  миннатдории худро барои  иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg