БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастаҷамъӣ асосӣ расидан ба мақсаду мароми созанда аст

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Раҳимбек” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи қонунҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созанандагию ободкорӣ, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони пешомад, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллии ҷавонон, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, онҳоро барои боз ҳам пешрафту ободтар шудани Тоҷикистони азиз ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg