БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Комиҷроия»-и ҷамоати шаҳраки Вахш  хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ  Одилҷон Маҳмадов қайд кард, ки тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад. Тоҷикистон сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо  вазифаи муққадаси шаҳрванд, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Инчунин, ба иштирокчиён расонида шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳарбӣ- ватандӯсти миёни ҷавонон сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки бо тамоми масъулият саҳм гузошта,  чораҳои заруриро амалӣ намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg