БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кабири худро бо домони дигарон пок кардан мехоҳад, ки корест аҳмақиву разилӣ!

ВОКУНИШ. Аз нишасти САХА, ки тариқи расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд, боз ҳамон чоргонаи манфиатхоҳ бо далолии Мухидин Кабирӣ домани нопоки худро дар гиребони дигарон пок кардан мехоҳанд. Барои мисол иқтибос аз харзагӯиҳои Мухидин Кабирӣ: «Мо ба ин назарем, забони шантажу таҳдид, ки тавассути он ҳукумати Тоҷикистон бо мардуми худаш (шумо Кабирӣ аз кадом мардумед? Хуб карди, ниқобро аз чеҳраи нопокат бардошти!) ҳарф мезанад, дар гуфтугӯ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ натиҷае намедиҳад».

Кабирӣ! Боз таъкидат мекунем, ки Тоҷикистонро ҷомеаи чаҳонӣ ба ҳайси як давлати воҳиди дорои забон, марзу бум ва мукаддасоти худ, ба чаҳониён муаррифи шуда, Тоҷикистонро ҷаҳониён мешиносанд.
Кабирӣ! Чанд карат табаддулот хости, тират хок хурд. Дар ҳар қадамат мардум буми шантажу туҳмату харзагуиҳоро дарёфтанд. Имруз дайдуи мулки бегона, ба сад дар сар мехалонӣ, имдод металабӣ, маблағу сармоя мепурси.

Беҳтараш аз мардуми Тоҷикистон узр пурс чун дигарон. Модар-Ватан нерӯи бахшидан дорад. Агар зодаи ҳақиқии ин хоки муқаддас боши.
Каҷназарон каҷ мебинанд. Шумо ва ҳамаи ҳампешаҳои ғаразгую бадкирдоратон рӯзи равшанро шаби тор маънидод мекунеду мардумро ба торикӣ ва зулмот кашидан мехоҳед. Чуноне ки дар майдони шаҳидони бешахид мардумро ба гумроҳи кашида хуни ноҳақ рехтед. Ё инро ҳам инкор мекунед?

Инкор ҳам сози мардум медонанд. «Офтобро бо доман пушидан ғайри имкон аст». Ё худ Шерзамонов кутоҳандеши, бесаводию бемантиқии хешро ба намояндагони САХА нишон дод. Тавсия мекунем, ки боби 3 ва 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурратар мутолиа намоед.

Раҷабалӣ Табарзода- роҳбари гуруҳи вакили дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg