БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳоди «Паймони сагҳои лаъин ва ё косалесони парешон»

ВОКУНИШ. Барои мондани як номи мувоффиқ ба мақолаи навиштаам соатҳо андеша кардам, ки чи номе гузорам, ки ба ин «Ватандӯстони сарсупурда» шоиста бошад. Ин Анҷуманороёну иттиҳодсозонро саг гуфтан хатто аст, зеро саг аз инҳо дида вафодортар аст ва ҳеҷ гоҳ ба соҳиби худ хиёнат намекунад. Ин иттиҳодсозон косалесонеро мемонанд, ки барои адои пулҳои хурдаашон қодиранд ба ҳар кори паст даст зананд.

Воқеан, барои ҳар як ватандори воқеъи хандаовар ва шармандагист, ки Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубов дар бораи Истиқлолу паймони миллӣ сухан мегӯянд. Инҷо суол ба миён меояд, ки ин пастфитратҳо аз доноии худ ва ё аз гумроҳии зиёд чунин маҳфилҳо меороянд. Ҷавоби ин суолро ба души ҳар як ватандору ватандӯст ҳавола мекунам, зеро имрӯз ҳар як Тоҷикистонӣ дар мизони андешаи солими хеш сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон» бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дасисаи навбатии ин гуруҳҳои мухолифин аст, то бо оростани ин маҳфил тавонанд назари хоҷагонашонро ба худ ҷалб намоянд ва ё адои қарзашон каме ҳам бошад, сабук гардад. Ин «Паймонороён»  ба андешаи худ вонамуд карданд, ки гуё чор алоҳидае ҳастанду барои ояндаи дурахшон созишнома ба имзо мерасонанд, вале дар асл ҳадафу мақсад ва мароми ин чор саги лаъин якест. Танҳо хизмат ба хоҷагони хориҷӣ ва адои маблаuҳое, ки дар гарданашон қарз асту аз он роҳи фирор надоранд.

Инҷо гап сари иштирокчиёни ҷашни мазкур меравад. Ба андешаи банда он наваду нуҳ фисад аз иштирокдорони чорабинӣ ё барои тамасхуру масхарабозӣ, ё барои дидану хандидан ва ё барои дилсӯзию ҳамдардӣ вориди ҷашн гардида буданд. Ин чор нафари маҳфилоро низ ба худ ва суханони худ имону боварӣ надоранд, зеро забону қалб якро намегӯяд ва мусаллам аст, ки паси ҳар як ибрози андеша ҳазорон ҳиллаву найранг нуҳуфтааст.

Ба қадри Истиқлолият расидану онро арҷ гузоштан аз ҳар як шахси ватандору худшинос масъулияти зеёдеро талаб мекунад. Аммо ин пастфитратҳо кучову Истиқлоли миллӣ куҷо. Агар имрӯз мо 27 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари хешро ҷашн гирем, ин лаънатиҳо давоми 30 сол мешавад, ки теша ба решаи ин миллат ва Истиқлолу озодии он мезананд. 30 сол мешавад, ки нақшаҳои uаразноки худро барои ноором сохтани ин миллат ва ин давлат амалӣ намуданд ва хушбахтона имрӯз парда аз рӯйи найрангҳои ин хоинон бардошта шуду мардуми тамаддунофару ватандӯсти тоҷик ба андешаи бунёди дурахшони Ватан камари ҳиммат бастаанду зери ливои сулҳу дӯстӣ ба қарнҳои дигар бо иродаи қаввӣ қадам мениҳанд. Бисту ҳафт сол муқадам бо ибтикори ин паймонороён Тоҷикистони тозаистиқлол ба шадидтарин буҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯ гашту мардуми Тоҷикистон аз сарсониву гушнагӣ фирорӣ гаштанд. Касе умеди зинда монданро надошт. Вақте, ки мардум саоату рӯзҳо дар навбати нон меистоданду бархе аз гуруснагӣ ҷаву сабус ва ҷигориву арзан мехурд, ин мардумфиребони хоин дар хориҷи кишвар, аниқтараш дар давлати Эрон дар кайфу сафо рӯз мегӯзарониданд. Худованд ҳеҷ амоли бадеро беҷавоб намегузорад. Гуноҳи нобахшиданӣ ин хиёнат намудан ба Модар, ба миллат ва ба Ватан аст, зеро «Ватандорӣ як гӯшаи имондорист» гуфтаанд.

Маҳз ҳамин лаънатиҳои ватанфӯруш дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд, ки мардуми тоҷикро ба гумроҳӣ баранду хонаи ҳазорон тоҷику Тоҷикистониро оташ заданд. ҳазорон модарро бефарзанд, ҳазорон фарзандро бе падар, ҳазорон занро бешавҳар ва ҳазорон падарро душмани писари худ гардониданд ва имрӯз Кабирии лаъин дар оuози ҳар як сухани хеш дар бо каломи Худои меҳрубону бахшоянда сухан мегӯяд. Дигар Кабирӣ ба ҳоли табоҳе расидааст, ки на аз нафрини Худо метарсаду  на аз маргу бандагӣ.

         Шайх Саъдӣ барҳақ гуфтааст, ки :

         Бани одам аъзои якдигаранд,

         Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

         Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

         Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Дарде, ки ба узвҳои ин миллат ин разилон зери ниқоби «Исломи муқаддас» бо террору хунрезӣ, таркишу оташафрӯхтан, фиребу найранг оварданд, дар воқеъ ягон узвҳоро қарор нагузошт. Хушбахтона ба бахти баланди миллати тоҷик Худованд мардеро ато намуд, ки мардумро аз бадбахти наҷот дода, шуълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику Тоҷикистони бедор намуд.

Имрӯз бунёди «Паймони миллии Тоҷикистон» -и шумо ба ягон тоҷику тоҷикистонӣ лозим нест, чун миллати тоҷику тоҷикистониро тавассути Пешвои муаззамаш дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Агар миллати тоҷик ба умеди Анҷуману паймонҳои шумо бадхоҳони миллат, бозичаи дасти бегонагон мебуд, ҳеҷ гоҳ рӯзи равшан ва субҳи собиқро намедид.

Бо ташаббуси созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраҳои намоёни тоҷик, фарҳанг ва таърихи uании он ба тамоми мардуми дунё муарифӣ гардидааст. Имрӯз ҷавонони тоҷик тавассути сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии берун аз Тоҷикистон таҳсили илм ва кору фаъолият доранд.

Дар баёни Истиқлолу арзишҳои он, Ваҳдат ва сулҳу суббот сухан нагуед, зеро барои бунёди Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ саҳме нагузоштаед, баракс он ҳама нокомиҳо, хориву зориҳо бо ташаббуси шумо ба сари ин миллат омад. Шумо қадри Истиқлолият, худшиносӣ, сулҳу суботро аз куҷо мефаҳмеду дарк мекунед, чун ҷи бо шумо сухан гуфт ва ё ба гуши хар ашула хонд, ҳарду якест. Хар аз шумо дида болотар аст, чун ба соҳибаш хизмати содиқона мекунаду хиёнат намекунад.

Дигар ҳеҷ ягон Паймон ва ташкилотҳои ба ақидаи онҳо (uамхор) барои ин миллат ва ин давлат лозим нест, чун мо мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон як Паймони созандаву бунёдкор ва uамхори миллат дорем, ки онро ном Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо милати хушбахти Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон имрӯз ба Сарвар, Пешво ва Раҳнамои худ бовар дорем, зеро паймонҳояш содиқона ва ҷовидона аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон шоистаи тамоми минбарҳо ва машъали тамоми маҳфилу маҷлисҳо ҳастем.

Ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, алалхусус ҷавонони худогоҳу дарёдил муроҷиат карда мегӯйем, ки фирефтаи ин гурӯҳҳо нагардед, зеро бунёди ин гунна маҳфилҳо ба ба имзо расонидани чунин созишномаҳои қалбакӣ ба нафъи ягон тоҷику тоҷикистонӣ нест, он танҳо иҷрои нақша ва адои қарзҳои хоҷаҳони хориҷи ҳасту боқӣ ҳеҷ…

Саёҳат Абдуллоева- корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg