БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар амал татбиқ мегарданд

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротов ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Салоҳиддин Мирзобаротов  зимнан  дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, нисбати фарҳанги либоспӯшии занону духтарон, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва муқовимат бо коррупсия андешаронӣ намуда,  инчунин дар ин раванд Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷамъомадагонро барои роҳандозии Аксияи номбурда даъват  кард.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg