БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ-таҷассумгари фарҳанги миллӣ мебошанд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати ба номи М.Вайсови деҳаи Чорбоғ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, мутахассиси шуъбаи ташкилию баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат, раиси ҷамоат Файзов Исо, вакили маҳаллаи мазкур Назаров Шароф, раиси занони маҳалла Гиёева Гуландом ва сокинони деҳа бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии васеъи фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.

Зимнан Шаҳноза Раҷабова оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста қайд намуд, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳунарҳои мардумии тоҷиконро эътироф менамоянд, ҷомаи суғдӣ, чакани кӯлобӣ, ҷӯроби бадахшонӣ дар музоядаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба савдо гузошта шуда, қиммати баландро соҳибанд. Дар Парижу Лондон, Ню-Йорку Токио ҳунарҳои мадумии миллати мо ба маъзари намоиш гузошта шуда, ҳазорон ва миллионҳо муштоқон ва мухлисони хешро пайдо кардаанд.

Ҳамзамон, Сафархони Муҳаббат иброз намуд, ки ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат, тадбирҳои муҳим дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои онро андешида истодаем.

Раиси маҳалла Файзов Исо миннатдории хешро ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳор намуд ва сокинонро баҳри обод ва зебо нигоҳ доштани маҳали худ ва аз нав эҳё намудани ҳунарҳои аҷдодӣ даъват кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg